Мулоқоти судманд

13-03-2017

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши тарбияи донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ миёни донишҷӯён доир ба тарѓибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим бидуни зӯроварӣ ва саҳми ҷавонон дар таҳкими сулҳу субботи кишвар суҳбату вохӯриҳои судманд доир мегардад. Дар робита ба ин, дар толори хурди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ бо аъзоёни Шӯрои занони сулҳовари назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, Марҳабо Ҷабборӣ, Ситора Шерова, шоира Меҳриниссо Бобобековна, намояндаи кумитаи мазкур Сабоҳат Рустамова ва намояндаи Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ҷӯраева доир гардид.

Дар вохӯрӣ меҳмонон роҷеъ ба саҳми ҷавонон дар рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат, таҷлили ҷашнҳои муҳимми давлатӣ, аз қабили 20-солагии Ваҳдати миллӣ, ҷашни байналмилалии Наврӯз ва ҷамбаҳои гуногуни ҳуқуқи занон дар оилаву ҷомеа, нақши бонувону ҷавонписарон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва афкори ҷавонон нисбат ба замони ҷаҳонишавӣ, инчунин, нагаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ суханронӣ намуданд.

Дар нишаст таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо тарбияи дурусти ҷавонон ва мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон дар ҷомеа мебошад.

Н. Худойдодова