Минтақаи Кӯлоб: камбудиҳо бартарафшавандаанд

05-05-2018
Оғози мушовара
5 майи соли ҷорӣ дар Мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид, муовинони вазир Латофат Назирӣ, Сайфиддин Давлатзода, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаи маорифи шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб баргузор гардид. Дар оғоз Нуриддин Саид иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро дар сиёсати давлатӣ меҳварӣ ва афзалиятнок ҳисобида, барои баланд бардоштани мавқеи омӯзгор ва шароити таълим дар муассисаҳои таълимӣ    корҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд. Дар идома вазир ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ошно намуда, қайд кард, ки дар ҷаласаи мазкур иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва қарорҳои мушовара, фармоишҳои вазири маориф ва илм, вазъи таълиму тарбия, фаъолияти хадамоти методӣ ва сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Фархор, Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Муъминобод ва Ховалинги вилояти Хатлон  мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ оид ба вазъи таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб суханронӣ  кард. Мавсуф зикр намуд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ дар омода намудани кӯдак ба таълим ва ташаккули равонию ҷисмонии он мусоидат менамояд. Масъалаи мазкур дар минтақаи Кӯлоб ҳанӯз баҳсталаб боқӣ мондааст. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи мазкур 39 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 4261 кӯдак фаъолият доранд, ки қонеъкунанда нест. 
Дар асоси “Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои номбурда 400 маркази инкишофи кӯдак ташкил гардидааст, ки ин  48,7%-ро ташкил медиҳад ва нисбат ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар 21 адад камтар аст. Ташкили марказҳои инкишофи кӯдак таносубан ба муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияҳои Ховалинг (91,6%), Муъминобод (87,9%), Фархор (82,6%), Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (82%), Данғара (74,6%) ва Темурмалик (72,9%) хуб ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар ноҳияҳои Балҷувон (26,6%) ва Шамсиддини Шоҳин (25%) беҳбудӣ металабад.
Рушди муассисаҳои  таҳси-лоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) имконият медиҳад, ки минбаъд шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардида ба танзим дароварда шуда, норасоии ҷойи нишаст ва таълим дар се баст коҳиш ёбад.
Мувофиқи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар соли 2017 бояд 25 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ва 60 муассисаи томактабии хусусӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта мешуд. Мутаассифона, давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят ягон муассисаи таълимии хусусӣ таъсис дода нашудааст.Айни замон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1335 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки аз он 72 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 151 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ буда, дар маҷмӯъ 16,7%-и муассисаҳои таълимии вилояти Хатлонро дар бар мегирад.  
Таъминоти  кадрӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад
Дар идома Л.Назирӣ қайд кард, ки яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таҳсилот таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ мебошад. Соли таҳсили 2017-2018 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят 42 ҳазору 868 омӯзгор, аз ҷумла, 21020 нафар зан фаъолият доранд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 1961 нафар зиёд мебошанд. 
Хушбахтона, аз раванди таълим берун намудани омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ин шаҳру ноҳияҳо дар соли таҳсили ҷорӣ назаррас бошад ҳам, бо вуҷуди ин, то ҳанӯз масъала ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст. Масъалаи мазкур, агар дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияи Кӯлоб, Ховалинг, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳалли худро ёфта бошад, мушкилот дар ноҳияҳои дигар то ҳанӯз боқӣ мондааст. Масалан, дар ноҳияи Данғара - 110 нафар, Фархор - 92 нафар,  Норак - 71 нафар омӯзгор бо таҳсилоти миёнаи умумӣ  фаъолият доранд. 
Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 398 омӯзгор бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд, ки 2,1%-и  теъдоди омӯзгоронро ташкил медиҳад.
Муҳимтар аз ҳама, масъалаи эҳтиёҷоти мутахассисон то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст, ҳарчанд ки тибқи маълумоти омории шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои вилоят дар муассисаҳои таълимӣ норасоии кадрҳои омӯзгорӣ 98 нафарро ташкил медиҳад. Дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашудаи вилоят норасоии кадрҳои омӯзгорӣ 34 нафар (35%-и вилоят) аст. 
Норасоии омӯзгорон ба шаҳру ноҳияҳои зерин рост меоянд: Балҷувон - 9 нафар, Фархор - 8 нафар, Темурмалик - 6, Норак ва Шамсиддини Шоҳин - 4 нафарӣ ва Муъминобод - 3 нафар.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 626 нафар бо таҳсилоти гуногуни ғайриихтисоси омӯзгорӣ ва 495 нафар бо ғайриихтисоси фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таълиму тарбия машғуланд, ки 3%-и омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ташкил медиҳад. Ин раванд назар ба солҳои қаблӣ ҳалли худро нисбатан ёфта бошад ҳам, мушкилот ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад ва ин ба сатҳу сифату дониши хонандагон таъсири манфӣ мерасонад. Аз таҳлил бармеояд, ки аз ҳама бештар омӯзгорони ғайриихтисоси омӯзгорӣ  дар  муассисаҳои  таълимии шаҳру ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва Балҷувон ба таълиму тадрис  машғуланд. 
 Омӯзгорони ғайриихтисоси омӯзгорӣ аз фанҳои технологияи иттилоотӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ, физика, биология, география, математика, забони русӣ ва забони англисӣ, суруд ва мусиқӣ дарс медиҳанд, ки норасоии кадрҳо аз ҳамин ҳисоб пурра гардидааст. 
Бо мақсади рафъи норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси дархости раёсат ва шуъбаҳои маориф Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тибқи роҳхат мутахассисони ҷавонро ба кор сафарбар менамояд. 
Дар асоси дархости раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилояти Хатлон дар соли таҳсили 2017-2018 эҳтиёҷоти кадрҳои омӯзгорӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят 751 нафарро ташкил медод, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм 1717 нафар мутахассиси ҷавони ихтисосҳои омӯзгорӣ сафарбар карда шудаанд. Аз ин шумора 1242 (72,3%) нафар (то  моҳи декабри 2017) ба ҷойи кор ҳозир гардидаанд. Аз ҷумла, ба 11 шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда 1044 нафар мутахассиси ҷавони ихтисосҳои омӯзгорӣ фиристода шуданд, ки 69%-ро ташкил медиҳад.
Мутаассифона, масъалаи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон беҳбудиро мехоҳад. Масалан, дар ноҳияи Восеъ вазъи ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷойи корашон беҳтар гардида бошад ҳам, дар шаҳру ноҳияҳои дигар мушкилот ҳамоно боқӣ мемонад. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 81 нафар  43 нафар, дар шаҳри Кӯлоб аз 261 нафар  105 нафар, дар ноҳияи Данғара аз 70 нафар 41 нафар таъмин гардидаанд. 
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда асосан норасоии омӯзгорони фанҳои забонҳои англисию русӣ, математика, физика, химия, технологияи иттилоотӣ ба назар мерасад.  
Яке аз омилҳои муҳими ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор таъмин намудани онҳо бо имтиёзҳо ва бад-ин васила, татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ба шумор меравад. Гарчанде аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин шаҳру ноҳияҳо мутахассисони ҷавон бо имтиёзҳо таъмин карда шаванд ҳам, ин нишондод на дар ҳама шаҳру ноҳияҳо назаррас аст. 
Масалан, тайи 10 сол 1201  нафар омӯзгори  ҷавони  муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда соҳиби замини наздиҳавлигӣ, 101 нафар соҳиби замини полезӣ ва 129 нафар соҳиби қарзи имтиёзнок гардидаанд.
Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони  ҷавон»  дар  ноҳияҳои Восеъ ба 22 нафар, Муъминобод 21 нафар мутахассиси ҷавон қарзи имтиёзноки пулӣ ва ба 360 нафар дар ноҳияи Фархор, ба 247 нафар дар ноҳияи Восеъ, ба 140 нафар дар ноҳияи Данғара қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва дар шаҳри Кӯлоб ба 21 нафар, дар ноҳияи Балҷувон ба 45 нафар, дар ноҳияи Темурмалик ба 15 нафар мутахассиси ҷавон замини полезӣ дода шудааст, ки нисбатан хуб аст. 
Давоми 10 сол (2007-2017) дар 11 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб ба 1201 мутахассиси ҷавон замини наздиҳавлигӣ ва ба 101 мутахассиси ҷавон замини полезӣ  дода бошанд ҳам, тақвияти иҷрои қарори мазкур мувофиқи мақсад аст. 
Ҷалби хонандагон ба маҳфилҳо нокифоя аст
Дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда кори марказҳои таҳсилоти иловагӣ, технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба беҳбудӣ ниёз дорад. Дар як қатор шаҳру ноҳияҳо марказҳои мазкур бинои алоҳида ва ё мустақилияти молиявӣ надоранд, ки ин ба пешрафти кори онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Аз рӯйи маълумоти пешниҳодгардида дар марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят 376 маҳфил бо фарогирии 12037 хонанда дар 1165 гӯрӯҳ фаъолият менамояд, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 192 маҳфил, 517 гурӯҳ ва 5269 хонанда ба ин маҳфилҳо ҷалб гардидаанд, ки 43,7%-и хонандагони ба маҳфилҳо ҷалбгардидаи вилоятро ташкил медиҳад. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо марказҳои таҳсилоти иловагӣ, технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, дарёфт ва рушди истеъдодҳо бино ва мустақилияти молиявӣ надоранд.
Норасоии китобҳои дарсӣ
Яке аз сабабҳои паст будани сатҳи дониши хонандагон норасоии китобҳои дарсӣ мебошад. Санҷиш нишон дод, ки новобаста аз он ки китобҳои чопшуда сари вақт дастрас карда мешаванд, дар аксари муассисаҳои таълимии санҷидашудаи ин шаҳру ноҳияҳо китобҳои дарсӣ, ба монанди забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони хориҷӣ, математика, технологияи иттилоотӣ, китобҳои дарсӣ барои синфҳои ибтидоӣ ва ғайра намерасанд.  
Норасоии китобҳои дарсӣ аз дуруст пешниҳод накардани шумораи хонандагон мебошад. Китобдори шуъбаи маорифи ноҳия бояд эҳтиёҷоти китобҳои дарсиро барои соли таҳсили оянда аз ҳоло ба назар гирифта, вобаста ба шумораи хонандагон тақсимоти китобҳоро ба роҳ монад. Аз сабаби набудани чунин тақсимоти китобҳо дар як муассисаи таълимӣ зиёд ва дар дигар муассисаи таълимӣ кам ворид мегарданд. Аз ин лиҳоз, дар муассисаҳои таълимӣ  норасоии  китобҳои дарсӣ аз фанҳои гуногун  ба назар мерасад. Эҳтиёҷоти воқеии хонандагон ба китоб аз ҷониби директорони муассисаҳои таълимӣ ба инобат гирифта намешавад.
Омили дигари паст гардидани сатҳу сифати таҳсилот дар таълимгоҳҳо нарасидани китобҳои бадеӣ, набудани қироатхона ва ҷалби сусти хонандагон ба китобхонӣ мебошад. Зимни санҷиш маълум гардид, ки миқдори китобҳои бадеӣ дар аксари мактабҳо хеле кам аст ва агар бошанд ҳам, аксари онҳо аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаанд. Кори китобхонаҳои мактабӣ низ мувофиқи мақсад нест. 
Ҳуҷҷатнигорӣ такмил мехоҳад
Нақшаи дурнамои мактаб дар самти муайян ва ба нақша гирифтани фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои таълимӣ нақши муҳим бозида, он бояд рушди муассисаи таълимиро дар 5 соли оянда дар самти таъминоти кадрӣ, базаи моддӣ- техникӣ, банақшагирии такмили ихтисоси омӯзгорон, таъмир ва сохтмони синфҳои иловагиро муайян намуда, бояд ҳар банди он давра ба давра иҷро гардад. 
Муассисаи таълимӣ бояд таҳлил ва ояндабинии муассисаро дар зарфи 5 сол дошта бошад ва донад, ки баъди ҳар сол чӣ мушкилоте пеш меояд ва бояд пешакӣ бо дарназардошти банақшагирии мушкилоти мазкур масъаларо ҳал намояд. 
Масалан, дар самти таъминоти кадрӣ роҳбарият бояд пешакӣ донад, ки пас аз 3-4 сол омӯзгор ба нафақа меравад ва дар ин самт барои омода намудани омӯзгорони ҷавон ва дохил намудани хонандагон дар самти риштаҳои омӯзгорӣ бояд нақша дошта бошад. Ин фаъолият хусусан дар деҳот бояд хуб амалӣ гардад, зеро дар он ҷо ғайр аз сокинони маҳал дигар мутахассисон ба кор намеоянд. Ё ин ки таъмини заминаҳои моддӣ - техникии мактаб дар 5-10 сол нақшабандӣ бояд гардад, ки  маблағҳоро барои харидории озмоишгоҳҳои фаннӣ пешбинӣ намояд.
Аз набудани Нақшаи дурнамои муассисаи таълимӣ сол то сол ин мушкилот зам гардида, сабаби дар се баст хондани хонандагон, норасоии мизу курсӣ ва харидорӣ накардани лабораторияҳои фаннӣ гардида, такмили ихтисоси омӯзгорон низ самаранок ба нақша гирифта нашуда, боиси бенизомии фаъолияти муассисаи таълимӣ гардидааст. 
Кори шӯроҳои методӣ назаррас нест
Такмили маҳорати касбии омӯзгорон тавассути расонидани ёрии методӣ ва салоҳиятҳои асосии шӯроҳои методист. Дар ин самт низ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони шуъбаҳои маориф гарчанде кӯшиш ба харҷ додаанд, то ҳанӯз камбудиҳо дар ин самт зиёд аст. Санҷишҳо бори дигар муқаррар намуданд, ки омӯзгорони муассисаҳои таълимии ин ноҳияҳо ба кумаки методии воқеӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳангоми санҷишҳо дар ягон муассисаи таълимӣ дида нашуд, ки давоми солҳои охир адабиёти методии нав (ба ғайр аз мавзӯъҳои методӣ) мавриди баррасӣ қарор дода шуда бошад. Аз ин рӯ, нақшаҳои методӣ саросар аз назорату санҷиш таҳия гардидааст, дар ҳоле ки омӯзгорон ба ёрии методӣ ниёз доранд. 
Аз ин лиҳоз, дар самти омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва гузаронидани семинар-машваратҳои дастурдиҳӣ фаъолияти шӯро ва иттиҳодияҳои методӣ беҳбудӣ мехоҳад.
Нақшаи кори шӯроҳои методӣ дар аксари муассисаҳои таҳсилоти умумии санҷидашудаи ноҳияи Восеъ ба талабот ҷавобгӯ нест. Масалан, дар муассисаҳои таълимии №№10, 28, 31 ва 69 кори иттиҳодияҳои методӣ  ва ҳуҷҷатгузорӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, масъулин ягон ҳуҷҷати дурусти ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ оид ба кори иттиҳодияи методӣ пешниҳод карда натавонистанд.
Санҷиш муайян намуд, ки муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии  №№ 3, 8, 33,24 ва 29 ноҳияи Фархор ҳатто ба тарзи таҳияи нақшаи кори солонаи Шӯрои методӣ сарфаҳм намераванд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 тибқи фармоиши директор дар оғози соли таҳсил 7 иттиҳодияи методии фаннӣ бо ном ташкил шуда бошад ҳам, то рӯзи санҷиш на ҷаласаи шӯрои методӣ ва на ҷаласаи иттиҳодияҳои методӣ гузаронида нашудааст, инчунин, нақшаи кори солонаи Шӯрои методӣ аз тарафи директори муассисаи таълимӣ тасдиқ нашудааст.
Зимни шиносоӣ дар фаъолияти кабинети методӣ ва мушовирони шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод камбудиҳо ошкор гардиданд. Дар кабинети методӣ мушовирон оид ба фанҳои химия, биология, география, забони хориҷӣ фаъолият надоранд. Аз ин рӯ, ба омӯзгорони ин фанҳо ёрии методӣ расонида намешавад. Аз натиҷаи санҷиши муассисаҳои таълимӣ маълум карда шуд, ки аз тарафи мушовирон ба роҳбарони шӯрои методӣ ва иттиҳодияҳои методӣ ёрии методӣ кам расонида шуда, таҷрибаи пешкадами омӯзгорон дуруст ҷамъбаст ва тарғиб нагардидаанд.
Чаро сифати таҳсил паст аст?
Омили дигаре, ки ба баланд гаштани сатҳи дониши хонандагон сабаб мегардад, фаъолияти дурусти гурӯҳҳои сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. 
Мутаассифона, аз санҷиш маълум гардид, ки ин гурӯҳҳо дуруст фаъолият накарда, барои пешравии соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот мавқеи назаррас надоранд.
Дар муассисаҳои таълимӣ мониторинги сатҳи дониш гузаронида шуда бошад ҳам, натиҷаҳо таҳлил нагардида, омилҳои пастии сатҳи дониши хонандагон нишон дода нашудааст. Ҳамзамон, таҳлили ҷавобҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ин шаҳру ноҳияҳо собит сохт, ки хонандагон дар муоширати озодона бо забони модарӣ ба мушкилот дучор мегарданд. Зеро захираи нокифояи луғатдонӣ, мутолиаи китобҳои бадеӣ ба ибрози фикру андешаҳо, муоширати озодона мусоидат карда наметавонад. Сабабҳои дигари он  паст будани фарогирии хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ, сатҳи нокифояи худомӯзии хонандагон, сатҳи пасти таҳкурсии дониш, малакаю маҳорати хонандагон  ва ғайра  мебошад.
Гурӯҳи корӣ дар давоми санҷиш дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои мазкур аз фанҳои гуногун аз 9561 хонанда корҳои хаттӣ ва тестӣ гирифт, ки натиҷа чунин аст: аз шумораи 9561 нафар хонандаи дар санҷишҳо иштирокдошта 915 нафар баҳои «5» (9,5%), 2631 нафар баҳои «4» (26,3%), 3924 нафар баҳои «3» (41%) ва 2205 нафар баҳои «2» (23%) гирифтанд.  
Норасоии ҷойи нишаст кай бартараф карда мешавад?
Яке аз мушкилоти асосии соҳаи маорифи вилояти Хатлон таълими хонандагон дар 3 баст ва дар хонаҳои шахсии ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгир будани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.  
Дар чор моҳи соли ҷорӣ муассисаҳои себаста аз 50 ба 47 адад расонида шуданд.  Дар муассисаҳои таълимии №1-и ноҳияи Фархор, №4-и ноҳияи Восеъ ва №21-и ноҳияи Вахш синфхонаҳои иловагӣ сохта шуда, таълим дар 2 баст ба роҳ монда шуд. 
Бо вуҷуди ин, аз сабаби нарасидани синфхонаҳои таълимӣ дар 47 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла, дар ноҳияҳои Кӯлоб 4, Восеъ 7, Ҳамадонӣ 1, Муъминобод 1 ва Фархор 5 муассисаи таҳсилоти умумӣ (дар 18 муассиса) ҷараёни таълиму тарбия дар се баст ба роҳ монда шудааст.
Аз сабаби нарасидани ҷойи нишаст дар шаҳри Кӯлоб филиали муассисаи таълимии №18; дар ноҳияи Балҷувон филиалҳои муассисаҳои таълимии №№ 3,14,18,19; дар ноҳияи Муъминобод, филиалҳои муассисаҳои таълимии №№18,19,24,51 ва дар маҷмӯъ, 9 муассисаи таълимӣ дар хонаҳои шахсӣ; дар шаҳри Норак муассисаи таълимии №№21,14, дар ноҳияи Данғара филиали муассисаи таълимии №28; дар ноҳияи Ховалинг филиалҳои муассисаи таълимии №16 (2 филиал), дар умум, 8 муассисаи таълимӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгир мебошанд; 
Таъмирталаб будан ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани мактабҳо, дар шаҳрҳои Кӯлоб 8, Норак 6, ноҳияҳои Балҷувон 12, Восеъ 13, Данғара 9, Ҳамадонӣ 6, Муъминобод 27, Темурмалик 17, Фархор 28, Ховалинг 1, Шамсиддини Шоҳин 19 ва дар маҷмӯъ, 146 муассисаи таълимӣ ба сохтмони бинои иловагӣ ва азнавсозӣ зарурат доранд.
Дар миқёси вилоят таъмиру тармим ва навсозии муассисаҳои таълимӣ ҳамчун мушкилот боқӣ мондааст. Масалан, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми ноябри соли 2016, №504 “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” дар соли 2017 бояд 46 муассисаи таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта ва 20 муассисаи таълимие, ки дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое,ки аҳолӣ зиёд шудааст, бояд сохта мешуданд. Соли 2017 тибқи талаботи барномаи мазкур 66 муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд ба истифода дода мешуданд. Мутаассифона, дар соли 2017 аз 46 муассисаи таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта танҳо 2 муассиса дар ноҳияи Муъминобод, аз ҷумла, бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №26 ва бинои иловагӣ дар назди  муассисаи таълимии №42 сохта шудааст.
Ҳамзамон, аз 20 муассисаи таълимие, ки дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое, ки аҳолӣ зиёд шудааст, сохта мешуданд, танҳо дар деҳаи Канаби ноҳияи Ховалинг 3 синфхонаи иловагӣ  сохта шудааст.
Бинобар ин, масъулини шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 ва Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 ва таълими босифати хонандагон дар 2 баст чораҳои амалӣ андешанд.
Сипас, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Сайфиддин Давлатзода оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои олии касбии минтақаи Кӯлоб суханронӣ кард, ки дар шумораи оянда ба таври муафассал дар ин бора гузориш хоҳем дод. Директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илм Комилҷон Исоев оид ба вазъи таъминоти китобҳои дарсӣ ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтаҳаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода дар бораи иштироки омӯзгорону кормандони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар курсҳои такмили ихтисос, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Ҳокимхон Вализода доир ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии  шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Эҳсон Сафарзода оид ба обуна ба нашрияҳои соҳаи маориф, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Аҳлиддин Холов оид ба корҳои илмии муассисаҳои олии касбии минтақаи Кӯлоб, муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзаалӣ Ҷаъфаров дар бораи иштироки хонандагони минтақаи Кӯлоб дар имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ  суханронӣ карданд. 
Анҷоми мушовара
Дар охир вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ба масъулин супориш дод, ки норасоии китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таълимӣ омӯхта, вобаста ба эҳтиёҷоти онҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намоянд. Дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст чораҳои қатъӣ андешанд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятию ашхоси саховатпешаю эҳсонкор ҷиҳати харидории кабинетҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар ҳар як муассисаи таълимӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба таври мушаххас, равшану возеҳ дар нақшаҳои кори солона ифода кардани масъалаҳо мутобиқ ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба шароити муассисаҳои таълимӣ таҳия шуда, хусусан масъалагузорӣ дар шӯроҳои педагогӣ, дуруст ба роҳ мондани кори иттиҳодияҳои фаннӣ, гузаронидани ҳафтаҳои фаннӣ, кори комиссияҳои фаннӣ, маҳфилҳои фаннӣ, корҳои беруназсинфӣ ва машғулиятҳои варзишӣ, ҷиҳозонидани кабинетҳо бо маводи таълимӣ, машваратҳои васеи илмӣ-методӣ дар муассисаҳои таълимӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад. Фаъолияти гӯруҳи арзёбии сифати таҳсилотро дар муассисаҳои таълимӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, натиҷаи фаъолияти онро мавриди баррасӣ ва хулосабарорӣ дар шуъбаи маориф ва шӯроҳои педагогӣ қарор диҳанд. Сардори раёсати маорифи вилоят ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои санҷидашударо зурур аст, ки ба сифати таълиму тарбия ва донишазхудкунии хонандагон диққати ҷиддӣ дода, фаъолияти шӯроҳои методиро дар муассисаҳои таълимӣ боз ҳам ҷоннок намоянд.
Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,
Саида НАБИЗОДА,
Насриддин ОХУНЗОДА,
Шариф АБДУЛҲАМИД,
Душанбе – Кӯлоб - Душанбе
“Омӯзгор”