Масъалаҳои назариявӣ ва амалии муносибати босалоҳият ба таълим (Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта)

11-01-2018
12. Низоми баҳогузорӣ 
Дар дастурҳои методӣ, ки барои курсҳои бозомӯзӣ аз муносибати босалоҳият ба таълим таҳия шудаанд, низ маҳдудиятҳои низоми мавҷуда (панҷхола)-и баҳогузорӣ зикр гардида, тарзу усулҳои нави баҳогузорӣ (арзёбии салоҳиятҳо) пешниҳод шудаанд. Ба тарзи мухтасар, маҳдудиятҳо ё камбудиҳои низоми мавҷудаи баҳогузорӣ чунинанд: 
• Низоми мавҷудаи баҳогузорӣ сатҳи донишро аниқ муайян намекунад (сатҳи дониши ҳамаи онҳое, ки баҳои якхелаи “4” доранд, яксон нест);
• Баҳо воқеъбинона (объективӣ) нест, дар он таъсири субъект – омӯзгор мушоҳида мешавад;
• Баҳои хонанда дар муқоиса бо хонандагони дигар гузошта мешавад, имконияти муайян намудани такомули донишу малакаи хонанда нисбат ба пешинаи худаш маҳдуд аст;
• Баҳо маъмулан фақат ба сатҳи дониш гузошта мешавад, фаъолиятҳои дигари хонанда, аз ҷумла, мустақилият, одобу рафтор ва фаъолияти беруназсинфии ӯ ба назар гирифта намешавад;
• Баҳо аз рӯйи миқдори иштибоҳи содиршуда муайян мешавад, на аз рӯйи ҳаҷми кори иҷрошуда;
• Баҳо нақши сарзанишу танбеҳ додан ё таъриф карданро мебозад.
• Имконияти ба худ ва ба шарикдарсон баҳо додани хонандагон вуҷуд надорад.  
Дар муносибати босалоҳият ба таълим дар назар дошта мешавад, ки баҳо ҳамаи самтҳои фаъолияти хонанда, аз ҷумла, салоҳиятҳои ӯро ба эътибор гирад. Дар МБТ се намуди арзёбиро қайд мекунанд: арзёбии ташхисӣ, арзёбии ташаккулдиҳанда ва арзёбии ҷамъбастӣ .
13. Муносибати босалоҳият ва кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд (КИМ)
Муносибати босалоҳият ба таълим муносибати инфиродиро ба ҳар хонанда бо назардошти имкониятҳои воқеии ӯ тақозо мекунад. Эътирофи гуногунии қобилияту истеъдодҳои хонандагон масъалаи таҷдиди назарро ба роҳу усулҳои арзёбии салоҳиятҳо ба миён мегузорад. Дар дастурҳои методие, ки ба татбиқи МБТ бахшида шудаанд, масъалаҳои арзёбии салоҳиятҳои хонандагон хеле муфассал шарҳ дода шудаанд. Шиносоӣ бо ин дастурҳо тасаввуроти духӯраро эҷод мекунад: аз як тараф, ҳамаи намудҳои арзёбӣ ба он равона шудаанд, ки сатҳи донишу малака ва қобилиятҳои хонандагон то ҳадди имкон амиқтару дақиқтар арзёбӣ шаванд, аммо, аз тарафи дигар, тарзу усулҳои пешниҳодшуда ва тавсифи онҳо хеле мушкилфаҳм буда, ба пуррагӣ дар амал татбиқ кардани онҳо шубҳаангез аст. 
Ба андешаи мо, дар механизми арзёбии комёбиҳои КИМ дар муҳити таҳсилоти умумӣ бояд аз муносибати тафриқавӣ (дифференцированный) ва инфиродӣ истифода кард. Дар ҷараёни ба роҳ мондани таҳсилоти фарогир ба таҳия ва истифодаи нақшаҳои инфиродии таълим (НИТ) диққати ҷиддӣ дода мешавад. Таҳияи НИТ-ро дар робита ба хусусиятҳои ҳар як фан ва стандартҳои он тарзе ба роҳ мондан лозим аст, ки омӯзгор аз онҳо бо назардошти имкониятҳои ҳақиқии КИМ пурсамартар истифода карда тавонад. Муносибати тафриқавӣ дар ин маврид ҷудо кардани кӯдаконро аз рӯйи намудҳои маҳдудият (нобиноён, ношунавоён, камақлон ва ғ.) дар назар надорад, тавре ки дар амалия мо мушоҳида мекунем. Меҳвари асосӣ дар ин маврид нишондиҳандаҳо ва меъёрҳои ҳақиқии имкониятҳои дарки зеҳнии муҳити атроф ва азхудкунии дониш бо истифода аз имкониятҳо ва хислатҳои кӯдак аст. 
Механизми арзёбии сатҳи донишу қобилиятҳои КИМ бо назардошгти чунин мақсаде бояд таҳия гардад, ки чандирии муносибатро ба кӯдак вобаста ба хислатҳои инфиродии ӯ таъмин карда тавонад. Ба ибораи дигар, он бояд арзёбии пайдарпайи имконияту қобилиятҳоро на дар робита ба зинаҳои мавҷудаи таҳсилот (ибтидоӣ, асосӣ, умумӣ, олӣ) ба назар гирад, балки ба инъикоси имконияту қобилиятҳои кӯдак дар замон ва синну соли ҳақиқӣ равона шуда бошад. Ба чунин фаҳмиш такя кардан, ки ҳамаи кӯдакони дорои ҳамон як навъи норасоӣ дар ин ё он марҳилаи муайян (синф, зинаи таҳсилот, синну сол) бояд ҳатман дорои маҳорату малакаҳои якхела ва умумӣ бошанд, хатои маҳз аст, зеро ҷараёни барқароршавӣ ва рушди имкониятҳо барои ҳар як кӯдак метавонад ба тарзи гуногун сурат гирад. 
Механизми арзёбии сатҳи донишу малакаҳои КИМ дар муассисаҳои таълимии олии касбӣ низ ба таҷдиди назар ниёз дорад. 
14. Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад 
Зикри ин ҳама матлаб ҳаргиз ба он маъно нест, ки фикру андешаҳои иброзёфта аз ҷониби ҳамагон пазируфта шавад. Хонандаи гиромӣ, агар таваҷҷуҳ карда бошад, дар чандин маврид мо махсус қайд кардаем, ки “ин масъала ба таҳқиқу омӯзиш ниёз дорад”. Яъне аксар масъалаҳое, ки дар атрофи онҳо ибрози ақида намудем, ҳанӯз ҳалли худро наёфтаанд. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, ҳадафи мо аз навиштани ин мақола даъват ба маслиҳату машварат аст, то ки ҳамаи масъалаҳои марбут ба муносибати босалоҳият ба таълим дар муҳити солимандешиву ҳамфикрӣ ҳаллу фасл шаванд. Хеле муҳим аст. ки дар ин масъала ба саҳлангориву бетафовутӣ роҳ надиҳем. Оҳанро бояд дар гармияш кӯфт, то ки пас аз чанде аз карда пушаймон нашавем. 
Ба андешаи мо, чанд нуктаи муҳимро метавон қайд кард, ки ҳалли таъхирнопазири худро интизоранд: 
1)  Танзими истилоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла, дар самти муносибати босалоҳият ба таълим ва дар заминаи он таҳия ва нашри “Фарҳанги тафсирии истилоҳот ва мафҳумҳои соҳаи маориф”. Шакли электронии чунин фарҳанг бояд дастраси ҳамагон бошад ва имконияти таҳриру такмили айнизамониро дошта бошад. Яъне дар сурати таҳрир ёфтани як истилоҳ/мафҳум ё ворид шудани истилоҳи нав ҳама ба зудӣ ба он дастрасӣ пайдо кунанд;
2) Таҳлили ҳамаҷонибаи ҳамаи фаъолиятҳо ва маводе, ки оид ба гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ таҳия шудааст (аз ҷумла, таҳлилу баррасии дастурамалҳо, пешниҳодҳои гузариш ба низоми садхола аз рӯйи фанҳои алоҳидаи мактабӣ, ки дар маҷаллаи “Илм ва инноватсия” (2017) ба табъ расида, ҳанӯз мақоми расмӣ нагирифтаанд, шаклу усулҳои пешниҳоди арзёбии салоҳиятҳо дар модулҳои таълимӣ, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи ГПО–4 сурат гирифтаанд ва ғ.) ва дар заминаи он таҳияи низоми мукаммал ва имконпазири баҳогузорӣ;
3) Ҷорӣ намудани низоми ҷиддии таҳлилу таҳрири ҳамаи маводи омӯзишӣ оид ба МБТ, аз ҷумла, модулҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва, махсусан, ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби кормандони ин ё он лоиҳа дар соҳаи маориф таҳия мешаванд, арзёбии мӯшикофона ва пешазнашрии онҳо аз нуқтаи назари риояи бечунучарои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, нигоҳ доштани асолат ва равонии забон, роҳ надодан ба дағалона вайрон кардани услуби ҷумлаҳои тоҷикӣ;
4) Ба роҳ мондани курсҳои бозомӯзии амалӣ (на назариявӣ!)-и омӯзгорон оид ба муносибати босалоҳият ба таълим аз рӯйи фанҳои мактабӣ ва китобҳои дарсии ҷорӣ бо иштироки худи муаллифони китобҳои дарсӣ. 
Мо умедворем, ки масъулони мақомоти идораи соҳаи маориф, мутахассисони соҳа ва омӯзгорони ботаҷриба аз ин масъалаҳо худро канор намегиранд, бо пешниҳоди фикру андешаҳои муътамад барои ҳалли мушкилоти мавҷуда саҳмгузорӣ мекунанд. Барҳақ, машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.  
 
Азим БАЙЗОЕВ