Ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар се моҳи аввали соли 2017

10-04-2017

8 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовинони вазир, намояндагони вазорату кумита ва идораҳои дахлдор, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии мамлакат ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илм дар семоҳаи аввали соли 2017» баргузор гардид. 

Вобаста ба фаъолияти вазорат дар се моҳи аввали соли 2017 вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид маърӯза карда, иброз дошт, ки дар доираи таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи кории вазорат як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар самти фаъолияти таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ лоиҳаи Барномаи рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 омода гардида, дар мувофиқа бо кумитаю вазоратҳои дахлдор қарор дорад. Дар ин давра   “Тартиби додани аттестати аълои таҳсилоти умумии асосӣ ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ”, “Тартиби қабули хонандагон ба зинаи сеюми таҳсил (синфи 10)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе”, “Тартиби номгузорӣ намудани муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ, литсей ва гимназияҳо дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардида, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.  

Қайд гардид, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода” дар тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ фестивали либосҳои миллӣ, олимпиадаи хонандагон аз фанни таърихи халқи тоҷик, конфронсҳои илмӣ-адабӣ, озмунҳои мухталифи қироати шеър, иншои беҳтарин, расмкашӣ, гулбазми наврӯзӣ ва мусобиқаҳои суннатии варзишӣ доир гардид. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи хонандагон аз фанни таърихи халқи тоҷик, озмунҳои иншо ва расми беҳтарин ғолибон муайян ва аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Нуриддин Саид таъкид кард, ки таъмиру азнавсозӣ, баргардонидани биноҳои кӯдакистонҳо тибқи нишондодҳои “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дар аксари шаҳру ноҳияҳо то ба имрӯз ба пуррагӣ ҳали худро наёфтааст. Бинобар ин, зарур аст, ки сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» оид ба баргардонидан, барқарор намудан ва таъмири муассисаҳои томактабӣ, инчунин, ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои инкишофи кӯдакон чораандешӣ намоянд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 84 муассисаи томактабии хусусӣ: 40 адад дар вилояти Суғд, 27 адад дар шаҳри Душанбе, 7 адад дар вилояти Хатлон, 9 адад дар НТҶ, 1 адад дар ВМКБ фаъолият намуда, дар онҳо 10346 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Мувофиқи нақшаи Барнома дар давоми соли 2014 - 40, соли 2015 – 136 муассиса, соли 2016 - 147 муассиса, дар маҷмӯъ 323 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ дар ҷумҳурӣ бояд таъсис меёфт, аммо дар ин муддат ҳамагӣ 54 муассиса ба фаъолият оғоз кардааст. 

Вазир, ҳамчунин, иброз дошт, ки аз таҳлилҳо бармеоянд, ки компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро ёфтааст, вале   ин маънои онро надорад, ки  омӯзгорон пурра аз технологияи муосир дар раванди дарс истифода мебаранд. Вақти он расидааст, ки ҳамаи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар дарсҳо аз технологияи муосир ба таври васеъ истифода намоянд. 

Ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои байни хонандагон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Нуриддин Саид таъкид кард, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида,  амалӣ гардидани он зери назорат қарор дорад. Бо вуҷуди ин, дар  2 моҳи соли 2017 аз тарафи ноболиғон 93 ҷиноят содир гардидааст.  Аз ин теъдод 1 нафарашон духтар ва  96 нафари дигарро писарон ташкил медиҳанд ва 76 нафари онҳо ноболиғ буда, баъди хатми мактаби асосӣ  дар ягон ҷой  кор намекунанд  ва таълими касбӣ  низ намегиранд.  Ба андешаи вазир, дар ин самт, ҳамкории  сохторҳои дахлдор ба оила муҳим буда, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” бояд зери назорат қарор гирад. 

Қайд гардид, ки аз аввали соли ҷорӣ, дар маҷмӯъ, хонандагони муассисаҳои таълимӣ  дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори 20 медал: 2 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм гаштанд.

Дар самти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ “Талаботи минимуми ҳатмии Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав омода ва бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ карда шуд. 

Айни замон дар муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 96 ихтисос мутахассис омода карда мешавад. Ҳамзамон, дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 847 маркази касбомӯзӣ курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил гардида, дар онҳо омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбҳои коргарӣ ба роҳ монда шуд, ки барои онҳо нақшаҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд.  Дар моҳҳои январ ва феврали соли 2017 дар ҳамкорӣ бо барномаи  (VOLIP)  дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  ва марказҳои таълимии касбомӯзӣ 3812 нафар шунаванда аз рӯи 25 номгӯйи касбу ҳунар ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд. 

  Аз ҷониби вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, ҳамчунин, вазъи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо рамзу нишонҳои Созмони хонандагон, аз ҷумла, шайпур, нақора, ливо, парчами рӯйимизӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, корҳои методӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ  бо китобҳои дарсӣ, масъалаҳои марбут ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сохтмону таъмир ва азнавсозии иншооти соҳаи маориф ва ҳамчунин вазъи обунаи нашрияҳои соҳаи маориф мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, роҷеъ ба мушкилоти ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.   

Дар идомаи ҷаласа сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосим, ректори Донишгоҳои давлатии  Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Шодиён Маҳмад Султон, директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шаҳло Ашуриён ба музокира баромада, фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар семоҳаи аввали соли 2017 қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Дар анҷом вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои баргузории ҷаласа ва пазироии гарми меҳмонон изҳори миннадорӣ намуда, ба масъулини соҳа вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супоришҳо дод. Дар робита ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2017 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли ҷорӣ  қарорҳои дахлдор қабул гардид.