Маркази миллии тестӣ: «Ятимони кулл ва бепарасторони то 21-сола аз пардохти маблағ озод карда мешаванд»

13-03-2017

Ба диққати шахсоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2017 аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирӣ (асосӣ), даври 2-юми азнавбақайдгирӣ ва бақайдгирии иловагӣ 220 (дусаду бист) сомонӣ ва барои даври 1-уми азнавбақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ 20 (бист) сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Ба иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ятимони кулл ва бепарасторони то 21-солае, ки дар ИМД-2017 иштирок кардан мехоҳанд, тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти маблағ озод карда мешаванд.
Шахсони то 21-сола, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, барои иштирок дар ИМД танҳо 50%-ро аз маблағи муайяншуда, яъне 110 (яксаду даҳ) сомонӣ пардохт мекунанд.
Шахсони барои иштирок дар ИМД-2017 аз қайдгузаранда метавонанд маблағи муайяншударо дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бояд пешакӣ супоранд ва бо расид дар бораи пардохт ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шаванд.