Маҳфил дар мактаб – интернат

03-06-2017

1 июни соли равон   бо ташаббуси мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар мактаб-интернати №1-и пойтахт  маҳфили идона баргузор гардид.

Муовини раиси шаҳри Душанбе  Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки  ғамхориву дастгирӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои кӯдакони ятиму маъюб ва бепарастор  яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат талош меварзад, ки тамоми шароитро  барои таълиму тарбияи хонандагони мактаб-интернатҳои пойтахт ва омӯзгорону парасторон  фароҳам созад.  Сипас, барои беш аз 800 хонандаи мактаб-интернати мазкур  дастурхони идона густурда, ба онҳо  туҳфаҳо тақдим гардид.

Дар охир  барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки боиси шодию нишот ва дилхушии тарбиятгирандагону омӯзгорони  мактаб-интернат шуд.

Хотиррасон менамоем, ки мактаб — интернати №1 соли 1987 барои кӯдакони ятиму бепарастор таъсис ёфта, аз калонтарин муассисаҳои соҳа дар ҷумҳурӣ мебошад. Соли равон бо ташаббуси соҳибкор,  роҳбари ширкати «Cарпараст» Маҳмуд Муродов  мактаб-интернат тармиму таъмир мегардад.

Н.Охунзода