Ислоҳот дар соҳаи маориф

02-11-2018
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябр то 1 ноябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1» ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо семинари омӯзишӣ барои тренерони сатҳи минтақавии соҳаи маориф танҳти унвони «Воситаҳои истифодаи арзёбии ташаккулдиҳанда барои рушди салоҳиятҳои асосии хонандагон» гузаронида шуд. Дар он аз тамоми минтақаҳои кишвар 150 нафар омӯзгорони фанҳои забонӣ ҷалб карда шуданд, ки онҳо дар навбати худ бояд 17000 нафар омӯзгорони дигарро дар маҳалҳои худ бо омӯзиш фаро гиранд.
Маросими ҷамбастии семинари мазкур рӯзи 1-уми ноябр бо ҳузури Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сергей Габришек – сардори лоиҳаи «Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1» ва омӯзгорону ташкилкунандагон дар Китобхонаи миллаӣ баргузор гардид.
Зимни суханрониҳои ҷамъбастӣ ишора гардид, ки низоми таҳсилоти салоҳиятнок низоми ҷадид буда, он дар асоси модули хонанда-марказ фаъолият менамояд. Яъне, агар дар низоми таҳсилоти анъанавӣ омӯзгор мавқеи марказиро мебозид ва қариб тамоми дарс ба ӯ вобаста буд, пас дар низоми таҳсилоти салоҳиятнок тамоми соати дарсӣ ба фаъолияти хонанда вобаста мешавад. Омӯзгор супориши синфӣ ва хонагӣ медиҳад ва роҳҳои ҷолибу ҷадиди ҳалли масъаларо ба хонанда мефаҳмонад ва хонанда дар навбати худ ба пуррагӣ ва мустақилона ба дарс омода мешавад. 
Инчунин, Сергей Габришек – сардори лоиҳаи «Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1» қайд кард, ки дар низоми мазкур хонанда аз омӯзгор ва омӯзгор аз хонанда омӯзиш мегирад. 
-Ба кори семинар ва фаъолияти омӯзгорони иштирокнамуда ман баҳои баланд медиҳам. Чунки онҳо тавонистанд то имрӯз қисматҳои асосии барномаи мазкурро аз худ намоянд,-зикр кард С.Габришек. -Дар рафти омӯзиши мазкур байни ҳам салоҳияти муошират, ҳамкорӣ, мубодилаи афкор ва дигар элементҳои лозимаро ба роҳ монда тавонистем. Ин қисми асосӣ ва оғози ислоҳот дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар фарҷом байни ташкилкунандагони семинар ва омӯзгорон муколамаи афкор сурат гирифта, ба иштироккунандагон сертификат тақдим карда шуд.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД-мутахассиси Маркази 
матбуоти Вазорати маориф ва илм