Фирефтаи иғво нагардем

12-02-2018
Терроризм ҳамчун раванди хатарзои зиддибашарӣ имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ба нав ва сангинро эҷод менамояд. 
Он барои мардуми азияткашида ва сулҳдӯсти мо шинос аст ва баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бо ин зуҳуроти номатлуб рӯ ба рӯ гашта, азобу дарди онро дар қатори баъзе сокинони мамлакатҳои ҷаҳон аз сар гузаронидааст. 
Дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон, аз қабили Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон ва мамлакатҳои Аврупо амалҳои террористӣ  содир шуда, мардуми осоишта қурбони амалҳои гурӯҳу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротӣ мегарданд. 
Ҳанӯз 7 декабри соли 2005 дар иҷлосияи фавқулодаи Соз-мони ҳамкории исломӣ дар Арабистони Саудӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад. Барои бартараф намудани чунин андешаю гумонҳои  нораво мо ҳама давлатҳои мусулмонӣ бо падидаҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна неруҳо аз номи дини Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро бадном месозанд. Имрӯзҳо мо дида истодаем, ки дар тамоми дунё зуҳуроти исломбадбинӣ доман паҳн карда истодааст, агар ба суханрониҳои сиёсатмадорон ва навиштаҷоти бархе аз донишмандон назар афканем, мебинем, ки онҳо, мутаассифона, терроризмро бо дини Ислом наздик ё ин ки якҷо мешуморанд». Ин андешаҳо моро водор мекунад, ки фирефтаи иғво ва душманони динӣ нагардем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбутаи он ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, як қатор корҳоро амалӣ мегардонад. «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2016-ум тасдиқ шудааст, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавии миллӣ баҳри тақвияти муқовимат бо терроризм ва экстремизм заминаи ҳуқуқӣ дошта, дар доираи он аксари масоил бо назардошти вазъи муқовимат бо ин зуҳурот дар кишвар ва таҷрибаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои  узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) пешбинӣ гардидааст. Ташкили воҳидҳои низомии махсуси зиддитеррористӣ ва баргузории машқҳои муштараки низомӣ аз чорабиниҳои судманди дигари кишвари мост. Ҳамчунин, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳҳои «Давлати исломӣ», «Ал-қоида», «Толибон», «Ҳизби таҳрир», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби исломии Ӯзбекистон», «Гурӯҳи-24» ва дигар гурӯҳҳои террористиро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ намудааст.
Тазодҳои фарҳангӣ дар шароити муосир метавонанд яке аз омилҳои авҷи терроризм бошанд. Дар муқобили ҷаҳолату харобкорӣ тақвият додани фарҳангҳои гуногун усули муасири ҳамгироӣ ва пешрафт ба ҳисоб меравад. Кишвари мо муколамаи фарҳангҳоро дар ин замина муҳим мешуморад, бинобар ин, эҳтироми анъанаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва динии халқҳо барои ҳамзистии комили наслҳои имрӯзаю оянда бояд асоси маънавии тамоми муколамаҳо гардад. Муколамаи тамаддунҳо на танҳо ҷиҳатҳои фарҳангию инсонпарварӣ дорад, он хеле васеъ буда, ҳамкории амалиро дар соҳаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ пешбинӣ мекунад. Ҳадафи ин ҳамкорӣ муҳайё сохтани шароит барои сулҳи ҷаҳонӣ, шукуфоӣ, ободӣ, барҳам додани мушкилоти мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, моҷароҷӯӣ, зӯроварӣ ва нафрат мебошад. 
Муҳаммад САФАРОВ, 
ходими калони
Пажӯҳишгоҳи рушди
маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ