ЭССЕ бояд эҷодкорона бошад

06-12-2017
Соли ҷорӣ кори хаттӣ (эссе) аз фанни забони тоҷикӣ (давлатӣ) дар низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ҷорӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, омӯзгорони фанҳои забону адабиёт ва шогирдонро зарур аст, ки боз ҳам бештар заҳмат кашанд, то ба натиҷаҳои назаррас ноил шаванд. 
Хонандагони мо то имрӯз дар дарсҳои забону адабиёти тоҷик бештар имло, нақли хаттӣ, иншо менавиштанд. Акнун омӯзгоронро зарур аст, ки роҳу усулҳои навиштани эссеро ба хонандагон омӯзонанд. Ҳама гуна навгонӣ омодагиеро тақозо дорад. Омӯзгор бояд соҳибдонишу соҳибмаҳорат ва шогирди ӯ ҷӯёву бомасъулият бошад, то комёб гардад. 
Навиштани эссе кори саҳл нест, аз эссенавис маҳорату малакаи забондонӣ, луғатдонӣ, иборасозӣ ва ҷумлаороиро талаб менамояд. Барои он ки хонандаи мо эссе нависад, бояд бештар рӯзномаю маҷалла, осори беҳтарин шоирону нависандагон, олимону донишмандони тоҷик ва ҷаҳонро хонад. Зебою хоно навиштанро машқ кунад. Маънии калимаҳоеро, ки дар навиштаҳояш истифода мебарад, хуб донад, зеро бидуни омодагии қавӣ ба муваффақият даст ёфтан душвор аст. 
Пайдарпайӣ ва фикрронии мантиқӣ, рабти сухан, далелҳои мувофиқ, сарсухани диққатҷалбкунанда, хулосаи дилчасп дар эссе маҳаки асосӣ аст. Эссенавис бояд калимаҳоро дар мавқеи муносиб ва бо риояи таносуби калом истифода намояд. Саволҳоро бо мавқеъ гузорад, аз ҳаёт ва адабиёт мисолҳо орад, андешаҳои шахсиашро баён кунад. 
Эссе бо услуби публитсистӣ (яъне “очерк”) навишта мешавад, он бояд мухтасару пурмаъно ва беғалату тезисҳо бо далелҳо исбот шаванд, чунки эссе пургӯиро намепарастад. Дар вақти навиштани эссе хонанда бояд ба интихоби калимаҳо ва иқтибосҳо аҳамият диҳад, саъй намояд, ки аз ҷумлаҳои тӯлонӣ истифода накунад, ҳамон мавзӯеро интихоб намояд, ки аз он огоҳӣ дошта бошад. 
Эссе аввал сиёҳнавис ва сипас покнавис мешавад. Сиёҳнависро бодиққат хондан ва ба он тағйиру илова ворид намудан хуб аст. Дар вақти навиштани эссе такрори калимаҳо, маъниҳои ба ҳам монанд, номувофиқатии мубтадову хабар ҷоиз нест. 
Ба эссе аз ду ҷиҳат холгузорӣ карда мешавад: мазмуну мундариҷа ва имло. Эссее, ки бо хати хонову зебо навишта шудааст, диққати санҷишгарро зуд ба худ ҷалб менамояд. Инчунин, дар баробари хонову зебо будан, бояд аз ғалатҳои имлоӣ орӣ бошаду мазмуну мундариҷа ба мавзӯи баррасишаванда мутобиқат кунад. 
Навиштани эссеи хубу хотирмон, ки дорои маънии писандида аст, танҳо бо роҳи омӯзиш ва саъю кӯшиш хонандаи моро даст медиҳад. Хонанда бояд бештар китоб хонад, зеро китобхонӣ эҷодкориро тақвият мебахшад. “Дар миллати ман кист, ки мафтуни қалам нест”, мегӯяд шоир. Оре, халқи тоҷик халқи соҳибқалам аст ва хонандаи моро мебояд имрӯз бештар рӯ ба китоб орад, тафаккурашро инкишоф диҳад. Дар дарсҳои забони модарӣ ва адабиёт мавзӯъҳои намунавиро ба хонандагон пешниҳод намудан лозим аст, то ки онҳо хонанд, ҷустуҷӯ намоянд, малакаю маҳорати эҷодкориашонро ривоҷ диҳанд. 
То ин ки шогирди мо фикру андешаҳояшро дар шакли эссе рӯйи коғаз оварад, мо бояд заҳмати зиёд кашем, хонандаи мо пайваста машқ кунад. Омода шудан ба навиштани эссе кори якрӯзаю дурӯза нест, аз омӯзгор сабру таҳаммул, аз хонанда машқи ҳаррӯзаро талаб менамояд. Мегӯянд, ки “Нобурда ранҷ, ганҷ муяссар намешавад”. Ранҷ бояд кашид, то дурри мақсуд ба даст ояд. 
Заррина Турсунова,
омӯзгори мактаби №20,
ноҳияи Айнӣ