Донишкадаи молия ва иқтисод 65%-и донишҷӯёнашро бо кор таъмин мекунад

06-02-2018
Шукрулло Хайрзода,  ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистод зимни  нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар давоми соли сипаришуда  515 нафар аз хатмкардагони донишкада бо ҷои кор таъмин гаштаанд «Донишкада дар давоми соли таҳсили 2016-2017 ба дастовардои  зиёд ноил гардид. Ба монанди дар рейтинги муассисаҳои олии касбӣ гирифтани ҷои 4-ум, сазовори ҷои сеюм гардидани донишҷӯи донишкада дар озмуни «Донишҷӯи сол-2017» , Соҳиби ҷоиҳои ифтихорӣ гардидани донишҷуён барои «Беҳтарин лоиҳаи иноватисионӣ бахшида ба «Cоли ҷавонон» ва ғайраҳо».
Ректор изҳор дошт, ки нисбат ба соли 2016 сатҳи донишазхудкунии донишҷуён 4,7% боло рафтаст.  Дар донишкада наздики 7000 таҳсил мекнанд, ва дар соли сипаригашта 112 нафар бо сабабои гуногун хориҷ шудаанд.