Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соҳиби «BEST UNIVERSITY» гардид

11-04-2017

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соҳиби «BEST UNIVERSITY» гардид

8 апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии Вазорати маориф ва илм оид ба фаъолияти вазорат дар семоҳаи авали соли 2017, ки дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ доир гардид, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ҷоизаи «BEST UNIVERSITY»-ро ба роҳбарияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур супорид. 

Бояд қайд кард, ки 22 феврали соли 2017 Иттиҳодияи Академияи Оксфорди Англия бо пешниҳоди Кумитаи номиналии байналмилалӣ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро барои нишондодҳои шоён дар соли 2016, аз қабили дастрасии таълим, сифати хизматрасонии таълимӣ, касбияти омӯзгорон, сатҳи аккредитатсияи донишгоҳ, таъминот бо пойгоҳи техникӣ, иштироки фаъол дар барномаҳои таълимии байналмилалӣ ва мубодилаи устодону донишҷӯён бо муассисаҳои таълимию илмии байналмилалӣ, истифодаи тарзу усули навини таълиму барномаҳо, густариши робитаҳои байналмилалӣ, ки пурра ба номгӯи «Best regional University» мутобиқ аст, бо мукофоти байналмилалии «BEST UNIVERSITY» («ДОНИШГОҲИ БЕҲТАРИН») қадрдонӣ намуд.