Ба квота соҳиб шудан осон нест

05-06-2017

Дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ тӯли як ҳафта даври ниҳоии озмуни қабули довталабон тибқи  квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои  соли таҳсили 2017-2018 баргузор шуд, ки дар он 484 духтар ва 468 писар аз 11 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. Дар озмун ҳайати ҳакамон аз ҳисоби омӯзгорону олимони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳти роҳбарии корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Бӯриев  ва мудири бахши Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб  П. Сабуров ба донишу истеъдоди довталабон баҳогузорӣ намуданд. Натиҷаи ниҳоии озмун маълум намуд, ки аз 484 духтар 121 нафар ва аз 468 писар 117 нафар довталаби беҳтарин соҳиби квота шуданд. Бояд қайд намуд, ки озмуни имсола аз ҳар ҷиҳат аз озмунҳои солҳои қаблӣ хеле фарқкунанда ва шаффоф буд. Имсол тибқи фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ гузаронидан ва таъмини шаффофияти озмуни даври мактабию ноҳиявӣ   ба зиммаи мудирони  шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо  вогузор карда шуда буд. Ҳамаи саволҳои барои озмун вобаста бударо Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар лифофаҳои махсус  нигоҳ дошта, махфияти он пурра риоя карда мешуд.  Дар рафти озмун маълум гардид, ки дониши довталабони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Кӯлобу Норак ва ноҳияҳои Данғара, Муъминобод, Фархор, Ҳамадонӣ ва Ш. Шоҳин ба талаботи низомномаи озмун ҷавобгӯй буданд. 

Шариф АБДУЛҲАМИД