Аз ноогоҳию нофаҳмӣ то ба ифротгароӣ

19-01-2018
“Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд,” – мегӯянд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ин таъкид аз он хотир аст, аксарият нуқтаи асосии пайдо шудани ифротгароиро ба дин рабт медиҳанд. Бо вуҷуди он ки дар замони муосир қувваҳои манфиатдор бо истифода аз усулҳои технологӣ шакли таъсиррасонии худро васеъ намуда, даҳҳо шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун василаи сода ва арзони муошират истифода менамоянд, дар баробари ин бо чанг задан ба эҳсоси мардум ҳамагуна ҳадафу ҳаракати худро бо дин омехта мекунанд. Имрӯзҳо миллионҳо нафар ба василаи техникаву технологияҳои нав вориди гурӯҳҳои ифротӣ гашта истодаанд. 
Истифодаи васеи технология аз ҷониби ҳаракату равияҳои ифротгаро бисёр хатарзо ва таассуфовар аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қисми муайяни шаҳрвандони мо ба ин равияҳо маҳз тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб мешаванд. Ноогоҳӣ аз асосҳои дини мубини Ислом, паст будани сатҳи маърифату дониш, бетафовутӣ ба рушди минбаъдаи давлат, муайян карда натавонистани мавқеи худ дар ҷомеа, нокомӣ дар мутобиқати иҷтимоӣ боиси рӯ овардан ба номаълумӣ мегардад, ки дар анҷом ё ба ифротгароӣ ва ё терроризм бурда мерасонад.
Васеъ будани фазои таъсиррасонӣ имрӯз сабаб шудааст, ки раванди тарбия дар замони муосир ба мушкилӣ мувоҷеҳ гардад. Бо вуҷуди он ки робитаи байни мактаб ва оила тақвият меёбад, аммо дар ҷомеа омилҳои таъсиррасон намегузоранд, ки шумори ифротгароён рӯ ба камшавӣ орад. Ин аст, ки на танҳо дар байни ҷавонписарон, балки ҷавондухтарон низ моилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба назар мерасад. Аз ин бармеояд, ки имрӯзҳо шумораи корбарони тоҷикзабони шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шудааст ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба як воситаи муассири ташаккулдиҳандаи афкори омма табдил ёфтаанд.
Ҷавонони моро зарур аст, ки дар муқобили ин ҳама истодагарӣ намуда, муборизаи зеҳнию ақлӣ ва ҷисмӣ баранд. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ ҷудо будан аз воқеот ва навгониҳои рӯз ғайри имкон аст. Ба назар мерасад, ки гурӯҳҳои манифатдору манфиатхоҳ бо нест кардани як гурӯҳи террористӣ ба созмони гурӯҳи дигар мепардозанд. Яъне барои манфиату хостаҳои худ ҳамеша паи ноором нигоҳ доштани ҷомеа ҳастанд. Зарур аст, ки бо ҷавонон бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, варзиш, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва илмомӯзӣ ташвиқ намоем. 
 
Гулчеҳра КАРИМАДОВА
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи мактаби №46-и 
ноҳияи Варзоб