Ҳамкории Ҷопон дар бахши маориф

29-05-2017

26-уми майи соли ҷорӣ вохӯрии вазири маориф ва илм Нуриддин Саид бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон Хаджимэ Китаока доир гардид, ки дар он сухан аз ҳамкориҳои дуҷониба, ки дар асоси лоиҳаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба роҳ монда шудааст, ба миён омад.

Вазири  маориф ва илм Нуриддин Саид иброз дошт, ки айни ҳол дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон омӯзиши забони ҷопонӣ ба роҳ монда шудааст. 

Ҳамасола аз ҷониби давлати Ҷопон 8 бурсия тариқи онлайн барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад, ки хонандагон дар он иштирок намуда, соҳиби роҳхат барои таҳсил дар муассисаҳои олӣ ва касбӣ мегарданд,-зикр кард Нуриддин Саид. Ҳамзамон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар соҳаи маориф ҳамкорӣ менамояд, ки дар асоси он ҳамасола ҷиҳати иштирок дар конфронс ва ҳамоишҳои байналмилалӣ намояндаи Тоҷикистон иштирок менамояд. Шурӯъ аз соли ҷорӣ дар доираи Барномаи омӯзишии «Сакура» 10 нафар хонандаи синфҳои 10-11 ва 2 роҳбалад дар курси омӯзишии якҳафтаина иштирок намуданд. 

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон Хаджимэ Китаока аз омӯзиши забони ҷопонӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки дар сурати даст додани имконият дар баробари таъминот бо китобҳои дарсӣ бо технологияи муосир ҷиҳати мустаҳкамсозии базаи моддию техникии факултаҳои донишгоҳҳои номбурда низ мусоидат менамоянд. 

Қайд гардид, ки минбаъд ҳамкориҳои дуҷониба вусъат ёфта, дар самти баргузории конфронсҳои муштарак, табодули бештари донишҷӯёну омӯзгорон, анҷом додани пажӯҳишҳои муштарак низ ҳамкориҳо ба роҳ монда мешавад.