Ҷаласаи раёсати сайёри КИК-и маориф ва илм дар Суғд

18-05-2017

 16 майи соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи раёсати сайёри Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Одиназода, ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ҷ.Ҷӯразода ва аъзоёни раёсат баргузор гардид. 

Қабл аз оғози ҷаласа дар толори калони донишгоҳ бо дониҷӯёни ятиму бепарастор ва фаъолони иттифоқи касаба вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар рафти он аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилояти Суғд ба 64 нафар донишҷӯ кӯмаки моддии яквақтаина ва ба 15 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят стипендияи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд супорида шуд. 

Сипас, ҷаласа ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар он 4 масъалаи асосӣ ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, вобаста ба масъалаи якум – “Дар бораи ҳисоботи комиссияи назоратию тафтишотии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ” маърӯзаи раиси комиссияи назоратию тафтишотӣ И.Донахонов, вобаста ба масъалаи дуюм – “Дар бораи тасдиқи харҷнома, тақсимоти роҳхатҳо, таъмир ва омода намудани Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Чайка» ба мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон барои соли 2017” маърӯзаи сармуҳосиби кумита И.Хоҷаев, вобаста ба масъалаи сеюм – “Дар бораи санҷиши фаъолияти кумитаҳои иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Восеъ, Ҷ.Балхии вилояти Хатлон оид ба иҷрои вазифаҳои оинномавӣ” маърӯзаи намояндаи комиссияи санҷишӣ Ш.Расулов ва вобаста ба масъалаи чорум – “Дар бораи санҷиши фаъолияти кумитаҳои иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Ҷ.Расулови вилояти Суғд оид ба иҷрои вазифаҳои оинномавӣ” маърӯзаи намояндаи комиссияи санҷишӣ А.Ширинов шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Инчунин, дар рафти баррасии масъалаҳои ҷорӣ қарорҳои дахлдор вобаста ба мутобиқ гардонидани низомномаҳои кумитаҳои иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Оинномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабинии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сари вақт омода намудан ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, шакли ягонаи мӯҳр ва тамғаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ангораи (эскизи) шакли нишони сарисинагии унвони “Корманди фахрии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуданд. Ҳамчунин, ба сохтори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти иттифоқи касабаи кормандони Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе шомил карда шуда, ҳамзамон, раисони ташкилотҳои иттифоқи касабаи шаҳрҳои Вахдат ва Рогун тасдиқ гардиданд.

Дар охири баррасии ҳар як масъала мубодилаи афкор сурат гирифта, таклифу пешниҳодоти иштирокдорон ҳангоми тасдиқи қарорҳои дахлдор ба инобат гирифта шуд. Инчунин, ба як қатор фаъолон-раисони кумитаҳои иттифоқҳои касабаи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ Ифтихорномаи Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.