«Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» истеъдодҳоро ҷустуҷӯ дорад

17-05-2017

Рӯзи сеюм аст, ки дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» идома дорад.

Тавре директори ташкилоти ҷамъиятии «Нигоҳи ҷавонон» Фариштамоҳ Гулова иброз дошт, соли шашум аст, ки дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.

«Ҳамасола дар  форуми мазкур беш аз 200-250 нафар хонандагони лаёқатманд иштирок намуда, зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод менамоянд. Лоиҳаҳои пешниҳодшуда  аз рӯи самтҳои ихтироъкорӣ ва  омода намудани барномаҳои махсус ба соҳаҳои маориф  ва тандурустӣ бахшида шудаанд»,-гуфт директори ташкилоти ҷамъиятии «Нигоҳи ҷавонон» .

Хонандаи  синфи 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 50 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зинорҷон Насриддинзода  баён намуд, ки  ӯ яке аз иштирокчиёни Форуми ҷумҳуриявии  ихтироъкорони ҷавон мебошад. «Соле қабл дар «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» иштирок намуда, сомонаи Лоиқ Шералиро пешниҳод намудам. Дар соли равон   муаррификунандаи сомонаи donishkhona.com мебошам. Тӯли 6 моҳ лоиҳаи мо мавриди баррасӣ қарор дошт ва як моҳ мешавад, ки сомонаи donishkhona.com дар интернет фаъол аст ва хоҳишмандон метавонанд аз он истифода баранд»,- иброз дошт Зинорҷон Насриддинзода.

Ба гуфтаи номбурда, мақсад аз пешниҳоди сомонаи мазкур  зинда гардонидани забони тоҷикӣ дар порталҳои маълумотии Тоҷикистон мебошад. Зеро ба андешаи ӯ,   истифодаи забони тоҷикӣ дар технологияи информатсионӣ  ба талабот ҷавобгӯ нест.

Мақсади форум пайдо намудани истеъдодҳои ҷавон ва наврасони болаёқат  мебошад. Баргузории  чунин форумҳо барои ҳавасманд гардидани ихтироъкорони ҷавон ва дар ҷумҳурӣ муаррифӣ намудани маҳсули кори онҳо мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»