ҚАДАМИ ҶИДДӢ ДАР РУШДИ НИЗОМИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНӢ

29-10-2018
Рӯзҳои 24-26 октябри соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳилтон»-и пойтахт Симпозиуми байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ – комуникатсионӣ дар соҳаи маориф таҳти унвони «Мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии идоракунии маориф барои мониторинги мақсадҳои ҲРУ – 4» баргузор гардид. Дар кори симпозиум намояндагон аз созмонҳои байналмилалии ЮНЕСКО, СММ, вазоратҳои маориф ва илми ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Гурҷистон, Муғулистон, Корея, Чин ва ғайра иштирок намуданд.
Ҳамоишро муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Сайфиддин Давлатзода ифтитоҳ намуда, дар хусуси раванди иттилооткунонӣ дар соҳаи маориф дар замони муосир сухан гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки ҳадафи асосии баргузории симпозиуми мазкур таъмини муҳити мусоид барои фаъолияти идоракунӣ дар Вазорати маориф ва илм, кормандони идораю мақомоти зерсохторӣ, таҳия ва тадвини иттилооти омори таҳсилот дар заминаи мустаҳкамгардонии низоми идоракунии соҳаи маориф маҳсуб меёбад.
Истифодаи ҳадафмандонаи технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар замоне, ки тамоми соҳаҳои идоракунии мақомоти кишварҳо ба он иртиботи амиқ ва бевосита доранд, хосатан, дар соҳаи маориф хеле муҳим ба шумор меравад. Раванди иттилоотонии идоракунии маориф бо истифода аз васоити технологияи навтарини муосир маҳз аз муассисаҳои таълимӣ сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз, татбиқи самарабахш ва амалии барномаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар таълимгоҳҳо дар мадди аввал қарор мегирад.
Сипас, директори бюрои минтақавии уқёнуси Орому Осиёии ЮНЕСКО дар соҳаи маориф Шигеру Асояги, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибха Мехта, директори шуъбаи иттилоотии академияи хадамоти таҳсилотӣ ва илмию пажӯҳиши иттилоотии Корея Синхюн Ян сухан ронда, иброз доштанд, ки соли 2015 дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пешниҳод ва қабули масъалаи Барномаи рушди устувор то соли 2030, ки 17 барномаро дар самти инкишофи таҳсилоти инклюзивӣ ва босифат дар бар мегирифт, истиқбол намуд. Дар форуми сатҳи вазирони минтақаи Осиёию Уқёнуси Ором ҷиҳати истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, ки соли 2017 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, стратегияи истифодаи ТИК дар соҳаи маориф ба муҳлати панҷ сол қабул гардид. Дар стратегияи пешниҳодшуда таъкид гардида буд, ки мустаҳкам намудани низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф ба ҷамъоварӣ, таҳия ва таҳлили маълумоти оморӣ барои мониторинги нишондиҳандаҳо дар самти рушди устувор мусоидат мекунад. Шурӯъ аз соли 2011 созмони ЮНЕСКО симпозиуми кишварҳои Осиёи Марказиро оид ба истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф ташкил ва баргузор менамояд. Аз ҷумла, соли 2016 симпозиуми зикршуда дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он иштирокдорони симпозиум иброз доштанд, ки барои минбаъд низ онҳо омадаанд дар масъалаи табодули таҷриба, ҳамчунин, робитаҳои ҳамкории дӯстона ҷиҳати истифодаи судманди ТИК дар соҳаи маориф баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳо Барномаи рушди устувор саъю талош ва иқдому ташаббуси худро идома диҳанд. Дар баромади маърӯзачиён зикр шуд, ки тайи солҳои охир мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар самти татбиқ ва истифодаи самарабахшу муассири ТИК ба пешравию дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Таври мисол, Ҷумҳурии Қазоқистон нишондодҳои сохтори иттилоотии идоракуниро дар соҳаи маориф таҳия ва коркард намуда, маълумотҳоро аз ҳар як сектору департаментҳо ва муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илми ҷамъ оварда, ҳамзамон, мониторинги баҳогузории низоми таҳсилотро мегузаронад. Қирғизистон бошад, Барномаи рушди устуворро ҷиҳати идоракунии сохтори идоравии соҳаи маориф оид ба мониторинг ва баҳодиҳии натиҷаҳои таҳсилоти босифат дар муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ меномояд. Дар Ӯзбекистон низоми иттилоотии идоракунии таҳсилот дар сатҳи муассисаҳои томактабӣ ба сифати таҷриба гузаронида шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи институти таҳлилии низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф баҳри мониторинги нишондиҳандаи рушди устувор ташкил карда шудааст, ки сари вақт маълумоти омориро дар соҳаи маориф таҳия ва омода менамояд. Намояндаи Барномаи маорифи ЮНЕСКО Лина Бенет дар хусуси ҳадафҳои Барномаи рушди устувори системаи иттилоотии идоракунии маориф ҳарф зада, хотирнишон намуд, ки он таъмини муҳити мусоидро барои намояндагони вазоратҳои маориф, кормандони ташкилоту идораҳои давлатӣ, ки ба ҷамъоварии маълумот ва омори соҳаи маориф машғуланд, мутахассисон ва ҳамкорони минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи омӯзиши рушду инкишофи системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маориф ва амсоли ин дар бар мегирад. Намояндаи шуъбаи таҳсилоти босифати инклюзивии ЮНЕСКО Ни Ни Таунг дар хусуси 10 равияи нав дар соҳаи маориф барои солҳои минбаъда андешаҳои худро иброз намуд. Баъдан, намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон корҳои анҷомдидаи худро дар самти системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маориф муаррифӣ намуданд.
Дар рӯзҳои дуюму сеюми симпозиум мавзӯъҳои зиёде, ки ба масоил ва мушкилоти барномаи пешниҳоднамудаи ЮНЕСКО доир ба истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва ҷорӣ намудани сохтори иттилоотии идоракунӣ дар соҳаи маориф иртибот доштанд, баррасӣ ва муҳокима гардиданд. Дар рафти кори симпозиум намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Гулов дар мавзӯи «Мақоми кунунии рушди сохтори иттилоотии  идоракунии соҳаи маориф дар Тоҷикистон» маърӯза намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки моҳи ноябри соли 2007 Ҳукумати кишвар Консепсияи системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маорифи ҷумҳуриро қабул кард, ки он ба ташуккул ва рушди сохтори мазкур дар мамлакат равона гардида буд. Тибқи Консепсия системаи иттилоотии идоракунии маориф коркард ва роҳандозии системаи миллии идоракунии соҳаи маориф бояд дар чор марҳала  амалӣ мегардид. Нахуст, татбиқи раванди автоматикунонии ташаккули шаклҳои мавҷудаи омори ҳақиқӣ ОШ-1, дувум, коркарди шаклҳои нави таъмини маълумоти оморӣ ва раванди автоматикунонии ҷамъоварӣ ва бознигарии маълумоти оморӣ, савум, коркарди иттилооти омории нишондиҳандаҳои вазорат ва муассисаҳои дигар (аз қабили молиявӣ, тиббӣ, шуғли аҳолӣ ва меҳнат…) чаҳорум, коркарди системаи автоматикунонии иттилоотии муассисаҳои таҳсилотӣ ба шумор мерафт. Дар шароити кунунӣ дар ҳар як шуъбаи маорифи ноҳия як шахс ба татбиқи амалии раванди системаи иттилоотии идоракунии соҳа масъул мебошад. Дар Вазорати маориф ва илм бошад, дар ин самт чор нафар – сардори шуъба, сармутахассис ва ду мутахассиси хурд масъул ҳисоб меёбанд.
Дар суханронии худ А.Гулов қайд кард, ки то соли 2020 низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф дар тамоми зинаҳои таҳсилоти кишвар ҷорӣ гардида, иқтидори кадрӣ ва заминаи техники Вазорати маориф ва илм, инчунин, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо тақвият хоҳад ёфт.
Дар атрофи масъалаи матраҳгардида намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, сармутахассиси соҳаи маориф Саодат Бозорова, намояндаи ЮНЕСКО Сатоко Яно, корманди Вазорати маориф, фарҳанг, илм ва варзиши Муғулистон Дашням Уненбат, мутахассиси Хадамоти маориф ва илмию таҳқиқотию иттилоотии Корея Сунхун Квон, намояндаи Вазорати маорифи Ӯзбекистон Шуҳрат Қаюмов ва дигарон суханронӣ намуданд. Баъди нисфирӯзӣ меҳмонон – иштирокдорони симпозиум аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дидан карда, ҳамчунин Кохи Наврӯзро тамошо намуданд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»,
Аҳмадшоҳи МАСЪУД,
корманди дафтари матбуотии
Вазорати маориф ва илм