4 медали тиллои хонандагони тоҷик

29-05-2017

Аз 21 то 27-уми майи соли 2017 дар Донишгоҳи Амитии шаҳри Ноидаи Ҳиндустон 6-умин Олимпиадаи байналмилалӣ байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология баргузор гардид.

Дар он хонандагони зиёда аз 10 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Озорбойҷон, Бангладеш, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Непал, Молдова, Руминия  ва  Лаос иштирок намуданд.

Хонандагони тоҷик дар ин олимпиадаи байналмилалӣ бори аввал иштирок намуданд. Аз Тоҷикистон хонандаи Литсейи рақами 1, шаҳри Душанбе Рустам Абдувоҳидов ва  3 нафар аз гимназия-интернати Тоҷикистону Россия - «Ҳотам ва ПВ» – Вазир Пиров, Умед Икромов ва Амир Ҷӯраев аз фанни математика иштирок намуда, ҳар чор нафари иштироккунанда ҷойҳои аввалро ишғол намуда, соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Дар маросими бошукӯҳи пӯшидашавии олимпиада, ки санаи 27 май  баргузор гардид, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Ҷалолов ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуд.