13 медал дар олимпиадаи байналмилалӣ

13-03-2017

 1— 6 марти соли 2017 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи лоиҳавии байналмилалӣ ба номи У.Джалдосбеков баргузор гардид. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 13 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муаррифӣ карда, бо пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ – тадқиқотӣ аз фанни математика, математика — механика ва математика-экономика муаррифӣ карданд. Дар байни беш аз 200 лоиҳа хонандагони тоҷик тавонистанд сазовори 13 медал (2 медали тилло, 4 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ) гардиданд.

Нилуфар Алиева аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ш. Душанбе, Маҳноза Раҳимзода — литсейи инноватсионии  шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, Аминҷон Азимҷонзода, Аҳмадҷон Назаров — литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Турсунзода, Гулсимо Осимӣ — литсейи №1-и шаҳри Душанбе, Равшан Дилшодзода — муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм, Меҳроҷ Ҷабборов, Оятулло Назиров, Раҳимҷон-Усмонализода -литсейи ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат, Шерзод Тошев — мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор (хонандагони синфи 11) ва Анӯшервон Шерзодов  аз литсейи №1 шаҳри Душанбе (хонандаи синфи 9)  сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибони олимпиадаро кормандони муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» дар якҷоягӣ бо намояндагони васоити ахбори омма дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ботантана истиқбол гирифтанд.

Соли ҷорӣ хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори 20 медал: 2 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм гардиданд.

 

Манучеҳр ҲАБИБЗОДА